Давлатманд Исломов дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 комиссар таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 комиссар таъин шуд

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 таъин шуд.

Исломов яке аз ду комиссар дар квартети “D”-и Лигаи қаҳрамонони КФО 2021 хоҳад буд. Ба ин гурӯҳ Ал-Садд (Қатар), Ан-Наср (Арабистони Саудӣ), Ал-Ваҳдат (Урдун), инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи байни дастаҳои Фӯлод (Эрон) – Ал Айн ”(АМА) дохил мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи марказонидашудаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар квартетҳои “А”, “С” ва “D” дар Минтақаи Ғарбӣ аз 14 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Назари худро бинависед