Дастаҳои лигаи олӣ барои иштирок дар чемпионати Тоҷикистон-2022 59 легионер даъват намудаанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои лигаи олӣ барои иштирок дар чемпионати Тоҷикистон-2022 59 легионер даъват намудаанд

2 апрел 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуд.

59 легионер аз 10 кишвар ва чаҳор қитъаи мухталиф барои ширкат дар мавсими нав ба бошгоҳҳои Лигаи олии кишвар даъват шудаанд. Аксари онҳо аз кишварҳои Осиё омадаанд – 30 бозигар. Африқоро 21 бозигар аз чаҳор кишвар намояндагӣ мекунад. Ҳамзамон дар чемпионати Тоҷикистон ҳафт бозигари хориҷӣ аз Аврупо низ ҳунарнамоӣ мекунад.

Аксари бозигарони хориҷӣ аз Ӯзбекистон даъват шудаанд. Дар мавсими нав шарафи бошгоҳҳои Лигаи олиро 28 намояндаи ин кишвар ҳимоя хоҳад кард. Аз даҳ бошгоҳи Лигаи олӣ дар 9-тоаш легионерҳои ӯзбек вуҷуд доранд.

Қобили зикр аст, ки тибқи низомномаи мавсими соли 2022-и мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бошгоҳҳои Лигаи олӣ метавонанд, то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил созанд. Аммо дар як вақт танҳо панҷ бозигари хориҷӣ ба майдон роҳ дода мешавад.

Назари худро бинависед