Дар доираи нақшаи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тибқи лоиҳаи «FIFA Talent Development Scheme» (TDS) дар Кӯлоб ва Хоруғ барои мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон семинарҳо баргузор гардиданд. Мавзӯъҳои асосии чорабиниҳо ба рушди футболбозони ҷавон, ҷорӣ намудани методологияи ягонаи омодасозии бозигарон ва такмили низоми дарёфти истеъдодҳои нав бахшида шуданд.
Семинарҳоро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сардори шуъбаи таҳлил ва методологияи раёсати техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, инчунин мураббии ФИФА оид ба рушди истеъдодҳо Грег Бриттон баргузор намуданд.
Дар ҷараёни семинарҳо натиҷаҳои таҳлили бозиҳои Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф», инчунин баромади мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба иштирокчиён равишҳои муосири рушди футболбозони ҷавон ва татбиқи методологияи ягонаи омодасозии онҳо муаррифӣ карда шуданд.
Илова бар барномаи таълимӣ, мутахассисони раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мураббиёни маҳаллӣ машғулиятҳои амалӣ оид ба дарёфт ва интихоби футболбозони соҳибистеъдодро баргузор намуданд. Зимни тамошои бозии футболбозони ҷавон сатҳи омодагии техникӣ, тактикӣ, ҷисмонӣ ва равонии онҳо баҳогузорӣ шуданд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки пойгоҳи футболбозони умедбахш барои ҷалби минбаъдаи онҳо ба низоми миллии рушди истеъдодҳо боз ҳам васеъ гардад.