Дар Душанбе марҳилаи якуми курсҳои таълимӣ оид ба барномаи муҷаввизи «B»-и КФО шуруъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе марҳилаи якуми курсҳои таълимӣ оид ба барномаи муҷаввизи «B»-и КФО шуруъ шуд

Имрӯз, 20-уми август дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе марҳилаи аввали курсҳои мураббигӣ оид ба барномаи муҷаввизи «В»-и Конфедератсияи футболи Осиё оғоз гардид.

Дастурдиҳандаи ин курсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ мудири шуъбаи таълимии раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Алифбек Беромов мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳии курсҳои мураббигӣ директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров иштирок намуда, ба ҳамаи ширкаткунандагон фаъолияти пурсамар таманно намуд.

Дар байни довталабони гирандаи муҷаввизи мураббигии «В» 16 нафар – Сайёра Саидова, Қурбонгул Қурбонова, Нишона Саидова, Изатулло Мирзоев, Абдулло Соқиев, Акмал Набиев, Ҷаҳонгир Ҷаборов, Маъруф Абдулҳамидов, Сайназар Наимов, Ҷӯрахон Мирзоев, Равшан Юлдошев, Алӣ Бобоёрзода, Руиншоҳ Камолзода, Зоирхон Холматов ва Мухаммадҷон Раҳмонов ва Пулат Аллагулиев аз Туркманистон қарор дорад.

Аз 29-уми сентябр то 8-уми октябр дар Душанбе марҳилаи дуюми курсҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «В» баргузор мешавад. Пас аз анҷоми ду марҳила довталабон аз рӯйи барномаи таълимии хатмкарда имтиҳон месупоранд.

Назари худро бинависед