Чемпионати Тоҷикистон-2020: «Кӯктош» ва «Хуҷанд» мусовӣ бозӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: «Кӯктош» ва «Хуҷанд» мусовӣ бозӣ карданд

Бозии ҷамъбастии даври сеюми чемпионати футболи Тоҷикистон байни “Кӯктош” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ба голи задаи ниммуҳофизи “Кӯктош” Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 41 вохӯрӣ, футболбозони дастаи соҳили Сирдарё дар дақиқаи 52-юм бо зарбаи аниқи Фатҳулло Фатҳуллоев ҷавоб доданд.

Баъди ҷамъбасти 3 давр, дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо 7 имтиёзӣ пешсаф мебошанд. “Кӯктош” ва “Файзканд”, мутаносибан, бо 5 имтиёзӣ зинаҳои сеюму чорумро ишғол менамоянд.

Бозиҳои даври чоруми чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои якшанбеи 25 ва 26 апрел баргузор хоҳанд шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

ГолҳоҲикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икромов, Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Сафаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Абдулмӯъмин Забиров (Комрон Мирзонаҷот, 64), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Андрей Сидоров, 66), Санҷар Рихсибоев, Дилшод Бозоров (Амирҷон Сафаров, 86).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров, Мунир Давлатбеков, Ҳикматулло Расулов (Собирҷон Холматов, 76), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Султоншо Мирзоев, 67), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 59).

Огоҳонида шудандМунир Давлатбеков, Холмурод Назаров, Далер Ёдгоров, Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Хуршед Бекназаров, Фирдавс Чақалов, Андрей Сидоров, Санҷар Рихсибоев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронҲамза Пиров (Шаҳринав).

Комиссари бозӣПӯлод Қодиров (Душанбе).

22 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 1 0 11-2 7
2 «Хатлон» (Бохтар) 3 2 1 0 7-5 7
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 1 2 0 4-1 5
4 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 5-4 5
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 1 1 6-4 4
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 4-5 4
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 6-5 4
8 КМВА (Душанбе) 3 1 0 2 4-6 3
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 3 0 1 2 0-8 1
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 0 0 3 2-9 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 голШериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 3 голӣАлишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев, Диловаршо Ғаниев (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 2 голӣ.

Назари худро бинависед