Бозии аввали дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии аввали дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад

Ҳайати довароне, ки бозии аввали дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳакамӣ мекунад, маълум шуд.

Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон таъйин гардид. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Бахтиёрхӯҷа Шавкатов ва Руслан Серазетдинов кӯмак мерасонанд.

Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА аз Тоҷикистон Амирҷон Хоркашев иҷро хоҳад кард. Назорати кори ҳайати доварон ба уҳдаи Рустам Абдуллоев гузошта шуда, Фаридун Аттоев комиссари бозӣ интихоб гардид.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед