Бозиҳои якуми ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 6-7 ноябр баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои якуми ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 6-7 ноябр баргузор мешаванд

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои якуми ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ намуд.

Рӯзи шанбеи 6-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд вомехӯрад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи якшанбеи 7-уми ноябр “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Равшан”-и Кӯлоб вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ соати 14:30 дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Баргузории бозиҳои ҷавобии 1/2 финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27 ва 28 ноябр нақшагузорӣ шуданд.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021

Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ.

6 ноябр (шанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Истиқлол» – «Эсхата»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

7 ноябр (якшанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Хуҷанд» – «Равшан»

Хуҷанд, Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Назари худро бинависед