Ғалабаи дебютантии «Локомотив-Помир» ва «Файзканд» дар лигаи олии Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи дебютантии «Локомотив-Помир» ва «Файзканд» дар лигаи олии Тоҷикистон

Дастаҳои дебютанти Лигаи олии Тоҷикистон «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ ғалабаҳои аввалини худро дар чемпионати Тоҷикистон ба даст оварданд. Дар даври дуюми мусобиқаи имсола “Локомотив – Помир” бар “Душанбе-83” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ва “Файзканд” бар “Регар-ТадАз”  бо ҳисоби 3 бар 2 дастполо шуданд.

Рӯзи 11 апрел се бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гашт, ки дар онҳо “Локомотив – Помир” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дебютанти дигари лигаи имсола “Душанбе-83 “-ро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Дар дақиқаи 75 вохӯрӣ, баъди зарбаи ҷаримавии задаи Шаҳром Сулаймонов дарвозабони “Душанбе-83” тӯбро баргардонд, вале тӯб ба ҳамдастааш Изатулло Рӯзиев бархӯрда, вориди дарвозаи худашон шуд.

“Файзканд”-и Восеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб “Регар-ТадаЗ”-и Турсунзодаро қабул кард. Бозӣ хеле пуршиддату шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Файзканд” анҷом ёфт.

Ғалабаи таърихиро ба дастаи “Файзканд” зарбаҳои аниқи Сайёди Ковусшоҳ, Далерҷон Тухтасунов ва  Вайсиддин Сафаров оварданд.

“Кӯктош” дар сафар бар “Истаравшан” бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯзӣ ёфт. Голҳои дастаи ғолибро Собирҷон Холматов, Азибек Султонов ва Далер Ёдгоров заданд.

Бозиҳои ҷамъбастии даври дуюм рӯзи якшанбеи 12 апрел баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд дастаи “Хатлон”-и Бохтар ва чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА-ро қабул мекунанд.

 

ЧемпионатиТоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рӯзиев, 75 – ба дарвозаи дастаи худ.

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (Сорбон Ғиёсов, 84), Шӯҳрат Элмуродов (Муҳаммад Буризод, 62), Озодбек Панҷиев, Шаҳром Сулаймонов, Ҳакимҷон Ҳасанов (Хусрав Тоиров, 66), Эмомалӣ Аҳмадхон, Азизбек Ҳасанов.

«Душанбе-83» (Душанбе): Фаромурз Саидов (Азимҷон Қараев, 82), Изатулло Рӯзиев, Далер Имомназаров, Хуршед Абдуллоев, Парвизҷон Ҳамидов, Дилшод Расулов, Идрис Амину, Колинс Адухене, Исмоилҷон Алимардонов, Агблей Ҷонс (Фарҳод Қосимов, 82), Элчибек Рашидбеков.

Огоҳонида шудандЭмомалӣ Аҳмадхон, Исроил Холов, Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммад Буризод, Шоҳрух Сангов («Локомотив-Помир»), Агблей Ҷонс («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Дилшод Ализода (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

11 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

ГолҳоСобирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Истаравшан» (Истаравшан): Ҳусейн Азизов, Азизҷон Шамсиев, Насим Расулов, Диловар Бойқузиев, Фаридун Деҳқонов, Абдуқаҳор Қодиров, Ҳоҷибой Зиёев (Набиҷон Раупов, 86), Қаҳрамон Ҳомидов, Бахтовар Зокиров (Абдураҳмон Қурбонов, 80), Мбеке Сиебатчеу (Ҷозеф Феумба, 85), Илҳом Баротов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Аҳтамҷон Холбоев, Принтс Артур, Холмурод Назаров, Ҳикматулло Расулов, Далер Ёдгоров, Бунёд Шодиев (Атҳамҷон Абдуллоев, 89), Мунир Давлатбеков, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Собирҷон Холматов, 68), Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 66), Муҳиддин Одилов.

Огоҳонида шуданд: Азизҷон Шамсиев, Абдуқаҳҳор Қодиров, Алиёр Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Муҳиддин Одилов, Бунёд Шодиев, Принтс Артур («Кӯктош»).

Аз майдон хориҷ шудНасим Расулов («Истаравшан»), 17 – рафтори иғвогарона.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Қурбоналӣ Бобоев («Куктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

ГолҳоСайёди Ковусшо, 6 – аз пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Файзканд» (Восеъ): Иброҳим Исмоилов, Наврӯз Рустамов, Вайсиддин Сафаров, Далерҷон Тухтасунов (Самандар Шарипов, 83), Эраҷ Раҷабов, Сайёди Ковусшо (Ҷасур Ашӯров, 73), Ҷамшед Муродов, Ҳувайдои Гулмурод, Хайрулло Азизов (Дилшодҷон Баратов, 52), Ҷасур Қурбонов, Анвар Муродов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде): Далер Азизов, Доробҷон Эргашев, Ёқубҷон Ахмедов, Оятулло Сафаров, Акбар Бобомуродов, Расул Пайзов, Акбари Шелдари Араш, Сардорбек Эминов, Нозим Бобоҷонов (Ҷамолиддин Зардиев, 89), Шерзод Маҳамадиев (Диловаршо Ғаниев, 63), Ҳоҷиакбар Узоқов (Парвиз Бахтиёрзода, 83).

Огоҳонида шудандҲувайдои Гулмурод, Далерҷон Тухтасунов, Иброҳим Исмоилов, Ҷасур Қурбонов, Самандар Шарипов («Файзканд»), Ҳоҷиакбар Узоқов, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Вайсиддин Сафаров («Файзканд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

11 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
2 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 1 0 5-4 4
3 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 2 1 1 0 3-2 4
4 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 7-0 3
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 3-1 3
6 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 2-1 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 1 1 2-3 1
8 КМВА (Душанбе) 1 0 0 1 1-3 0
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 0 0 2 1-5 0
10 «Душанбе-83» (Душанбе) 2 0 0 2 0-8 0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 голШериддин Бобоев («Истиқлол») – 2 гол.

Назари худро бинависед