Ҳайати хизматрасони бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми Сoca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021 маълум шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати хизматрасони бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми Сoca-Сola – чемпионати Тоҷикистон-2021 маълум шуд

Департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирон ва комиссарони хизматрасони бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ намуд.  Бозиҳои ин давр рӯзи сешанбеи 25-уми май баргузор мешаванд. Ду бозии даври мазкур байни дастаҳои «Хуҷанд» – «Истиқлол» ва «Равшан» – «Кӯктош» ба рӯзҳои захираи тақвими мусобиқа гузаронида шуданд.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 9-ум

25 май (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Душанбе» – «Эсхата»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари захира: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Бобоҷон Қаландаров (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Хатлон» – «Файзканд»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари захира: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

 

КМВА – «Истаравшан»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари захира: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ

Назари худро бинависед