Ба капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, ки дар вохӯрии дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон (1:1) садумин бозии худро дар ҳайати дастаи асосии кишвар анҷом дод, аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба нишони қадрдонӣ аз хизматҳои арзандааш калиди автомобил тақдим карда шуд.
Пас аз бозӣ Аҳтам Назаров ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ин таваҷҷуҳ ва қадрдонии заҳмати чандинсолаи худ изҳори сипос намуд.
«Аз самими қалб ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои чунин туҳфаи арзишманд ва хотирмон миннатдории худро баён мекунам. Эҳсоси дастгирӣ ва эҳтиром барои ман бисёр хушоянд аст. Ин на танҳо барои ман мояи хушҳолӣ, балки барои ҳамаи бозигарон ангезаи бузургест, то боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба дастовардҳои нав ноил гарданд. Барои эътимод ташаккур!
Барои ман Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кардан ва узви мунтахаби миллӣ будан ифтихори бузург аст. Сад бозӣ дар ҳайати дастаи асосии кишвар як марҳилаи махсус аст, ки бидуни дастгирии мураббиён, ҳамдастаҳо, тамоми ситод, мухлисон, рӯзноманигорон ва оилаи ман имконнопазир мебуд», – гуфт капитани яккачини Тоҷикистон Аҳтам Назаров.