Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе 23 январ шурӯъ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе 23 январ шурӯъ мешавад

Рӯзи шанбеи 23 январи ҳафтаи оянда, дар минтақаи Душанбе ва Ҳисор бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мешаванд. Бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор доир хоҳанд шуд.

Дар минтақаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе нӯҳ даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд, бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА ва «Шоҳмансур» шомиланд. Гурӯҳи «Б» бошад, аз дастаҳои «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол» ва «Барқчӣ» иборат асчт.

Дар минтақаи Душанбе бозиҳои гурӯҳӣ мутобиқи доираи даврагӣ дар як давра баргузор мешаванд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввалу дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа моҳи феврал дар Душанбе  баргузор хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамаи харҷҳои баргузории мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт менамояд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА, «Шоҳмансур».

Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».

 

Даври 1-ум

23 январ (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

10:30 – «Душанбе-83» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Кӯктош» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ваҳдат» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 2-юм

26 январ (сешанбе)

10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

29 январ (ҷумъа)

10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

10:30 – «Ваҳдат» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – КМВА – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Душанбе-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 4-ум

1 феврал (душанбе)

10:30 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 5-ум

4 феврал (панҷшанбе)

10:30 – КМВА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед