Имрӯз, 17 апрел дар идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тартибӣ-интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон дар ҳайати нав баргузор шуд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов зимни ифтитоҳи ҷаласаи Кумитаи Лигаи футзали Тоҷикистон раиси нави кумита Тоҳир Баротзодаро муаррифӣ кард, ки ивазкунандаи Ориф Ҷӯраев гардид. Баротзода сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласа самтҳои асосии кори кумита барои мавсими оянда, инчунин масъалаҳои беҳтар кардани интизом ва риояи қоидаҳои мусобиқа баррасӣ шуданд.
Раиси нави Кумитаи тартибӣ-интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон Тоҳир Баротзода аз роҳбарияти ФФТ барои эътимодашон изҳори сипос карда, афзуд, ки ӯ бо таъмини адолат, шаффофият ва риояи қатъии меъёрҳои интизомӣ ба рушди футзали кишвар хизмат хоҳад кард.
Мавсими нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 6 май оғоз гардида, дар он ҳашт даста ширкат хоҳанд кард.