Тими миллии Тоҷикистон: рӯзи ҳафтуми ҷамъомади тамринӣ дар Дубай сипарӣ гашт – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон: рӯзи ҳафтуми ҷамъомади тамринӣ дар Дубай сипарӣ гашт

Рӯзи ҳафтуми тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба анҷом расид.

Субҳгоҳон мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббии тарбияи ҷисмонӣ Владимир Крунич дар толори варзишӣ машқи бадан намуда, шомгоҳон дар майдони футбол бозӣ карданд. Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай дар ҳолати хуб қарор дошта, бо рӯҳияи хуби варзишӣ омода мешаванд. Гурӯҳи тиббӣ таҳти роҳбарии Фаррух Авезов ба бозигарон кӯмак мекунанд, то онҳо ҳамеша худро саломату бардам эҳсос кунанд.

Ҳоло дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 20 бозигар дар ҷамъомади тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳузур доранд. Ба даста нимҳимоятгари тими «Юнайтед Сити»-и Филиппин Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳамлагари «Мактаарал»-и Қазоқистон Шериддин Бобоев шомил шуданд. Панҷ легионери боқимонда – ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон) рӯзҳои наздик ба саф ҳамроҳ мешаванд.

Баъди ҷароҳат бардоштани  нимҳимоятгари АГМК-и Ӯзбекистон Алишер Ҷалилов сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт бозигарони иловагиро ба даста даъват намекунад.

Назари худро бинависед