Тими миллии Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи «King’s Cup 2022» бо тими Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи «King’s Cup 2022» бо тими Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад.

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» аз 22 то 25 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад. Дар даври ниманиҳоии мусобиқот тими миллии Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго ва яккачини Тайланд бо дастаи Малайзия вомехӯранд. Бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ 22 сентябр доир мегарданд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор мешаванд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Даври ниманиҳоӣ

22 сентябр (панҷшанбе)

15:30 – Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН

18:30 – Тайланд – Малайзия

 

25 сентябр (якшанбе)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:30 – Финал 

Эзоҳ: замони оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед