Тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо мунтахаби миллии Таиланд дар Шарҷа мусовӣ анҷом кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо мунтахаби миллии Таиланд дар Шарҷа мусовӣ анҷом кард

Бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Таиланд, ки рӯзи 29 май дар варзишгоҳи Холид ибни Муҳаммад дар шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гашт, бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби мо дар рафти бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуда истода, матонату худбовариро зоҳир намуд ва дар дақиқаи охирини вохӯрӣ ҳисобро баробар сохт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Эҳсони Паншанбе ва Ислом Зоиров заданд.

Қаблан дар бозии дигари дӯстона тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ироқ низ бозиро мусовии бе гол – 0:0 анҷом карда буд.

Ҷамъомади омӯзишиву машқии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Дубай то 3-юми июн идома меёбад ва баъд аз он тими миллии мо ба Осакаи Ҷопон сафр карда, дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» ду бозии ҷамъбастии худро муқобили Ҷопон (7 июн) ва Мянмор (15 июня) мегузаронад.

 

Бозиҳои дӯстона

Таиланд – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Муеанта Суфанат, 50 (1:0). Муеанта Суфанат, 58 (2:0). Эҳсони Паншанбе, 63 (2:1). Ислом Зоиров, 89 (2:2).

ТоҷикистонРустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев (Зоир Ҷӯрабоев, 77), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Эҳсони Паншанбе, Комрон Турсунов (Рустам Соиров, 46), Илҳомҷон Баротов (Шериддин Бобоев, 46, Парвизҷон Умарбоев, 72), Алиҷони Айнӣ (Ислом Зоиров, 46), Шаҳром Самиев.

Сардовар: Султон Муҳаммад Солеҳ (ИМА).

29 май. Шарҷа, ИМА. Варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммад.

Назари худро бинависед