Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Муғилистон, Ҷопон ва Мянмар бояд дар моҳҳои октябр ва ноябр бозӣ кунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Муғилистон, Ҷопон ва Мянмар бояд дар моҳҳои октябр ва ноябр бозӣ кунад

Конфедератсияи футболи Осиё пас аз машварат бо ФИФА рӯзи 5 июн, санаи тахминии бозиҳои дигари даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро эълон кард, ки ибтидо ин бозиҳо бояд дар моҳҳои март ва июн баргузор мешуданд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад, рӯзи 8 октябр бозии хонагии худро бо дастаи Муғулистон баргузор хоҳад кард. Шогирдони Усмон Тошев боз ду вохӯриро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар моҳи ноябр – бар муқобили Ҷопон (12 ноябр, дар сафар) ва Мянмар (17 ноябр, дар хона) баргузор хоҳанд кард.

Конфедератсияи футболи Осиё минбаъд низ вазъро барои таъмини бехатарӣ ва некӯаҳволии ҳама дастаҳо, шахсони расмӣ, мухлисон ва ҷонибҳои манфиатдор, инчунин маҳдудиятҳои давлатии сафарҳо ва маҳдудиятҳои тиббӣ зери назорати доимӣ қарор дода, дар сурати вобаста ба пандемияи COVID дар ҷадвали бозиҳо тағйирот ба амал омадан, ҳамаи тарафҳоро огоҳ месозад.

 

ҶҶ-2022. Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «F»

Даври 7-ум

8 октябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

 

Даври 8-ум

13 октябр (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

 

Даври 9-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Муғулистон

 

Даври 10-ум

17 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

Назари худро бинависед