Тими миллии Қатар барандаи Ҷоми Осиё-2023 шуд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи Қатар бар тими Урдун бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Акрам Афиф дар ин рақобат хет-трик кард, ки ниҳоят нишонзани беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки тими миллии Қатар дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот рақиби мунтахаби Тоҷикистон буд. Он вохӯрӣ бо ғалабаи мизбонони мусобиқа – 1:0 анҷом ёфт.