Тими миллии Қатарро бо ғалаба дар Ҷоми Осиё-2023 табрик мекунем – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Қатарро бо ғалаба дар Ҷоми Осиё-2023 табрик мекунем

Тими миллии Қатар барандаи Ҷоми Осиё-2023 шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Қатар бар тими Урдун бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Акрам Афиф дар ин рақобат хет-трик кард, ки ниҳоят нишонзани беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 эътироф гардид.

Бояд гуфт, ки тими миллии Қатар дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот рақиби мунтахаби Тоҷикистон буд. Он вохӯрӣ бо ғалабаи мизбонони мусобиқа – 1:0 анҷом ёфт.

Назари худро бинависед