Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисон барои дастгирии гарму самимии дастаи мунтахаби кишвар дар бозии дӯстонаи якум муқобили мунтахаби Ҳиндустон изҳори сипос менамояд.
Бозӣ рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт ва 10 245 мухлисро ба ҳам овард.
Аз ҳамаи онҳое, ки ба варзишгоҳ омада, дастаи моро то садои охирини ҳуштаки довар самимона дастгирӣ карданд, миннатдорем. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамеша дастгирии шуморо эҳсос мекунад ва онро қадр менамояд.
Сипоси ба бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, инчунин ба ҳамаи сохторҳо ва мутахассисоне, ки дар ташкилу баргузории ин бозӣ саҳм гузоштанд, аз ҷумла ба кормандони варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти тиббӣ, волонтёрон ва кормандони техникӣ.
Бо шарофати касбият, масъулиятшиносӣ ва ҳамкории самараноки шумо бозӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.
Акнун 9 июн шуморо ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор даъват менамоем, ки дар вохӯрии дӯстонаи дуюм байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз тими миллии худ ҷонибдорӣ кунед. Биёед, якҷоя фазои фаромӯшнашавандаи футболиро дар варзишгоҳ эҷод намоем!
Якҷоя – сӯи пирӯзиҳои нав!