Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал оғоз ёфт

Рӯзҳои истироҳатии гузашта мусобиқаи Суперлигаи Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар он ҳашт даста ширкат доранд.

Дар бозии марказии даври аввал дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе мусовӣ карданд – 1:1. Ба голи задаи Парвиз Раҳматов душанбегиҳо бо зарбаи дақиқи легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода посух доданд.

Дар вохӯрии дигар голи бозигари тими миллии футзали Қирғизистон Айдар Абдуҷалил уулу ғалабаи «Истиқлол»-ро бар «Истаравшан» таъмин сохт – 1:0. 

Бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар барандаи медали биринҷии мавсими гузашта тими «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ғалаба кард. Ва дебютанти Суперлига КМВА-и пойтахт дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Даври 1

«Сипар» – «Соро компания» – 1:1

Голҳо: Парвиз Раҳматов, 22 (1:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 23 (1:1).

Бозигари беҳтарини бозӣ: Парвиз Раҳматов («Сипар»).

 

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Айдар Абдуҷалил уулу, 39.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Ҷамшед Файзиев («Истаравшан»).

 

«Самандар» – КМВА – 3:6

Голҳо: Меҳроб Раҳимов, 5 (0:1). Рамз Амрохонов, 11 (0:2). Шамсиддин Қосимов, 15 (0:3). Меҳроб Раҳимов, 20 (0:4). Холмурод Ҳамроев, 23 (1:4). Хайём Дарвешов, 27 (1:5). Фирдавс Тусматов, 30 (2:5). Холмурод Ҳамроев, 32 (3:5). Меҳроб Раҳимов, 40 (3:6).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Рамз Амрохонов (КМВА).

 

«Равшан» – «Пойтахт» – 8:5

Голҳо: Алишери Музаффар, 2 (1:0). Қурбонмад Раҳимов, 10 (2:0). Хусрав Холиқназаров, 15 (2:1). Сомон Саидзода, 17 (2:2). Хусрав Холиқназаров, 19 (2:3). Мустафо Бобоев, 22 (3:3). Қурбонмад Раҳимов, 26 (4:3). Қурбонмад Раҳимов, 27 (5:3). Қурбонмад Раҳимов, 28 (6:3). Алишери Музаффар, 29 (7:3). Сорбон Латипов, 32 (8:3). Ҳамид Ғуломӣ, 32 (8:4). Алишер Шарипов, 37 (8:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Қурбонмад Раҳимов («Равшан»).

Назари худро бинависед