Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи КФО ширкат дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи КФО ширкат дорад

Довари футзали ФИФА Суҳроб Сатторов аз Тоҷикистон дар семинари КФО барои доварони элитаи футзал, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷараён дорад, ширкат дорад.

Барномаи таълим ҳам дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалиро дар бар мегирад. Қаблан Суҳроб Сатторов дар семинари доварони элитаи КФО аз санҷиши фитнес бомуваффақият гузашта буд.

Бояд гуфт, ки Суҳроб Сатторов ба ҳайати довароне, ки бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро доварӣ мекунанд, шомил гардид. Мусобиқа аз 23 то 28 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешавад. Дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон дар мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал ширкат мекунанд.

Назари худро бинависед