Ширкати «Формула-55» сарпарасти унвонии лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ширкати «Формула-55» сарпарасти унвонии лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд

Ширкати миллии букмекерии “Формула-55” ва Лигаи футзали Тоҷикистон шартнома ба имзо расониданд, ки тибқи он ширкати мазкур сарпарасти унвонии лигаи касбии футзали кишвар дар мавсими 2021 гардид.

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон байни Лигаи футзали Тоҷикистон ва ширкати милли букмекерии “Формула-55” шартномаи сарпарастӣ ба имзо расид. Дар ҳузури намояндагони ВАО созишномаро Фурқат Аҳмадҷонов, роҳбари Лигаи футзали кишвар ва Баҳром Подчоев, директори генералии “Формула-55” имзо карданд.

 

Баҳром ПОДЧОЕВ, директори генералии ширкати миллии букмекерии «Формула-55»:

– Пас аз танаффуси кӯтоҳ, мо боз бо лигаи касбии футзали Тоҷикистон шартномаи сарпарастӣ имзо кардем. Футзал дар кишвар сол то сол шӯҳрат пайдо мекунад. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни футзал, ҳам дар байни касбиён ва ҳам дар байни ҳаводорон, баргузор мешаванд. Мо шодем, ки шарикони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футзали кишвар ҳастем. Мехостам қайд намоям, ки ширкати мо на танҳо футзал, балки футболи клубии кишвар ва инчунин дигар намудҳои варзишро дастгирӣ мекунад. Мо чунин мешуморем, ки ин барои рушду таҳкими варзиши мо ва дар маҷмӯъ барои тарзи ҳаёти солим зарур аст.

 

Фурқат АҲМАДҶОНОВ, директори лиги футзали Тоҷикистон:

– Ман ба ширкати миллии букмекерии “Формула-55” барои дастгирии футзал дар Тоҷикистон ташаккур мегӯям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории мо пурсамар ва муваффақ хоҳад буд.

Назари худро бинависед