Сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба шӯрои мураббиён гузориш доданд – Федерация Футбола Таджикистана

Сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба шӯрои мураббиён гузориш доданд

Имрӯз, 9 апрел, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои мураббиён баргузор гардида, дар он ҳисоботи сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар шунида шуд.

Дар кори шӯрои мураббиён котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи шӯро ҳисоботи сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва март шунида шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар моҳҳои феврал ва март ҳисоботи муфассал омода кард. Моҳи феврал дастаи мунтахаби кишвар дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида, дар он ҷо бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом дод (0:2 ва 1:0). Моҳи гузашта дастаи Усмон Тошев дар Душанбе дар бозии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3: 0 шикаст дод.

Дар кори шӯрои мураббиён сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев низ ширкат варзида, ҳозиринро ба нақшаҳои ояндаи наздиктарини дастааш шинос намуд.

Роҳбари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) Аҳлиддин Турдиев дар бораи бозии даста дар се мусобиқа – Ҷоми Рушд-2021 дар Минск, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Душанбе ва Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дар Гулистон муфассал сухан гуфт. Ба гуфтаи мураббӣ, даста дар ду моҳи охир дар маҷмӯъ 12 бозӣ гузаронидааст.

Сипас сармураббии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) Зайниддин Раҳимов дар назди шӯрои мураббиён баромад намуда, ҳунарнамоии дастаро дар Ҷоми шаҳрдории Душанбе шарҳ дод. Раҳимов аз ҷумла қайд намуд, ки дастаи ӯ дар ин мусобиқа дар даҳ бозӣ ширкат варзид.

Пас аз ҷаласаи Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон, онҳо табодули назар карданд.

Назари худро бинависед