Сайёдҷон Зайниддинов бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24-ро доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Сайёдҷон Зайниддинов бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24-ро доварӣ мекунад

Довари 35-солаи ФИФА аз Тоҷикистон Сайёдҷон Зайниддинов бозии Ҷоми КФО-2023/24-ро ҳакамӣ мекунад.

Зайниддинов бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи Ҷанубӣ байни дастаҳои «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) ва «Клаб Иглз» (Малдив)-ро, ки 15 август дар шаҳри Силҳети Бангладеш баргузор мешавад, доварӣ мекунад.

Дар хатҳо ба Сайёдҷон Зайниддинов ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Куралов кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Дайирбек Абдилдаев аз Қирғизистон иҷро мекунад. Холид Ҷосим Халифа Ал-Доуҳӣ Ал-Сенъонӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб кори ҳайати доваронро назора мекунад ва Михаил Толкачев аз Қирғизистон комиссари ин рақобат таъйин гардид.

Назари худро бинависед