Сафири Покистон дар ҶТ аз тамринҳои тими миллии Тоҷикистон дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Сафири Покистон дар ҶТ аз тамринҳои тими миллии Тоҷикистон дидан кард

Дар остонаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистон, ки 21 ноябр дар Исломобод баргузор мешавад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар аз тамринҳои тими миллии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе боздид ба амал овард.

Мавсуф қабл аз оғози тамринҳо бо тими Тоҷикистон, ки рӯзи душанбе ба Исломобод меравад, сафари нек таманно карда, қайд намуд, ки барои тими миллии Покистон роҳ ёфтан ба марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастоварди бузург аст. Сафир аз комёбиҳои тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт – ба даст овардани Ҷоми Подшоҳи Таиланд, Ҷоми Мердека дар Малайзия ва бозии хуби футболбозони тоҷик муқобили тими миллии Урдун дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ёдовар шуд.

Аз номи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар пироҳан таҳти рақами 12 ҳадя карда шуд.

Назари худро бинависед