Рустами Эмомалӣ барои муҳлати нав президенти ФФТ интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Рустами Эмомалӣ барои муҳлати нав президенти ФФТ интихоб шуд

Имрӯз, 16 декабр, дар Душанбе Конфронси ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ барои муҳлати нави чорсола президенти ФФТ интихоб шуд.

Конфронси ҳисоботию интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” доир гашт.

Пас аз сухани ифтитоҳии Президенти ФФТ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва интихоби мақомоти кории Конфронс, видео дар бораи фаъолияти Федератсия дар давраи солҳои 2016-2019 намоиш дода шуд. Филм муваффақиятҳо ва натиҷаҳои Федератсияро дар чор соли охир нишон дод.

Сипас, раиси кумитаи молияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фарҳод Сайфиддинов дар бораи фаъолияти молиявии ФФТ дар давраи ҳисоботии солҳои 2016-2019 маълумот дод.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ба вакилони Конфронс дар бораи тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш намуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихобӣ, Рустами Эмомалӣ такрорӣ ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои як давраи сеюми чорсола интихоб шуд.

Дарҳол пас аз интихоб шудана ба вазифаи президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба вакилони Конфронс барои эътимоду боварияшон изҳори сипосгузорӣ намуд.

«Пеш аз ҳама, ман мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эътимоду боварияшон ташаккур бигӯям. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон будан барои ман масъулияти бузург аст. Аминам, ки онҳое, ки дар бораи футболи мо ғамхорӣ мекунанд, минбаъд низ ба манфиати рушди футболи кишвар саъй хоҳанд кард. Соли оянда Тоҷикистон 30-солагии истиқлолияти кишварро ҷашн мегирад. Ин як воқеаи бузургест барои тамоми кишвар. Вобаста ба ин солгард, дар ҳама минтақаҳо чорабиниҳои бештар ва мусобиқаҳои варзишӣ заруранд. Бори дигар ба ҳама барои эътимод ва дастгирӣ ташаккур!”- гуфт, Рустами Эмомалӣ.

Пас аз он, Конфронс ба интихоби ноибони президент ва аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ гузашт.

Бар асоси райъдиҳии умумии вакилон Хуршед Мирзо ноиби аввал,  Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов барои чор соли оянда ноибони президенти ФФТ интихоб шуданд.

Тибқи таҳрири нави Оиннома, 15 нафар аъзои кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуданд. Ба ҳайати нави кумитаи иҷроияи ФФТ Рустами Эмомалӣ, ноиб-президентҳо Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷуразода, Алишер Урунов ва инчунин Шоҳрух Саидзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода, Абдулло Раҳмонзода, Аҳтам Абдуллозода, Шариф Назаров, Бароталӣ Ҳамидзода, Анваршо Мирзоев, Фарҳод Сайфиддинов, Нурҷаҳон Исмоилзода ва Фатҳулло Ҷалилов шомил гардиданд.

Назари худро бинависед