Растислав Божик: «Бо Тоҷикистон мо дар ҳадди имконият ва тавоноиямон бозӣ кардем» – Федерация Футбола Таджикистана

Растислав Божик: «Бо Тоҷикистон мо дар ҳадди имконият ва тавоноиямон бозӣ кардем»

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Муғулистон Растислав Божик, пас аз бохти калон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон (0: 3) дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ қайд намуд, ки дастааш аз рӯи имконот бозӣ кард.

 

Растислав БОЖИК, сармураббии дастаи мутахаби миллии Муғулистон:

 

– Пеш аз ҳама, мехостам мунтахаби Тоҷикистонро бо пирӯзӣ ва бозии хуб табрик намоям. Дар баъзе лаҳзаҳо мо тавонистем ба мунтахаби Тоҷикистон муқовимат нишон диҳем. Мутаассифона, бинобар пандемия, мунтахаби Муғулистон тӯли якуним сол бозиҳои расмӣ надошт ва ин ҳама ба бозии имрӯза таъсир гузошт. Агар мо имкон медоштем, ки бештар тамрин кунем ва омода шавем, он гоҳ метавонистем бо ҳисоби 3: 0 пирӯз ҳам шавем. Бозигарони мо ба қадри тавоноӣ ва нерӯи худ бозӣ карданд. Вақте ки ҳисоб 2: 0 буд, мо таваккал кардем, пеш рафтем, вале дар ниҳоят бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон голи сеюмро ба дарвозаи мо заданд. Касбияти болои дастаи ҳариф ба мо имкон надод, ки хуб бозӣ кунем, аммо аз чунин бозӣ мо имрӯз таҷрибаи худро сайқал додем.

Назари худро бинависед