Раиси Бохтар клуби футболи «Хатлон»-ро дастгирӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Раиси Бохтар клуби футболи «Хатлон»-ро дастгирӣ кард

Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати роҳбарикунандаи бошгоҳи футболи “Хатлон” вохӯрӣ гузаронд.  Вай дар ин лаҳзаи мушкил бошгоҳеро дастгирӣ намуд, ки соҳиби таърихи пуршарафи футболӣ мебошад.

Он гунае ки раиси  бошгоҳ Исроил Шарипов хабар дод, давоми ҳафтаи охир раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ду маротиба бо даста вохӯрд. Раиси шаҳр гуфтанд, ки ҳама корҳои “Хатлон” хуб мешаванд ва бошгоҳро ҳеҷ кас партофтанӣ нест. Дастае, ки соҳиби таърихи пуршарафи футболӣ аст, албатта дастгирӣ мешавад. Пеш аз бозӣ бо “Истиқлол”, шаҳрдори Бохтар бозигарону мураббиёни дастаро бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Ёдрас мешавем, ки баъди се даври чемпионати Тоҷикистон-2020 “Бохтар” ва “Истиқлол” бо 7 имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар се бозиии даврҳои аввали чемпионат бар “Истаравшан” (2:1) ва “Хуҷанд” (3:2) пирӯз шуда, бозиро бо чемпиони феълӣ “Истиқлол”-и Душанбе (2:2) мусовӣ анҷом карданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи “Хатлон” ба раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода барои дастгирияшон сипосгузорӣ баён менамоянд.

Назари худро бинависед