Петр Сегрт: «Барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи он ки чӣ гуна даста ба вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими Лубнон омодагӣ мебинад, сухан кард.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст. Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд. Ҳатто қабл аз оғози Ҷоми Осиё-2023 бисёриҳо тахмин мезаданд, ки бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда хоҳад буд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Лубнон рақиби пурқувват аст, мо ҳунарнамоиҳои онҳоро тамошо кардем, таҳлил намудем, онҳо аз моро тамошо кардаанд. Дар нерӯсанҷӣ бо дастаи Лубнон бояд бо низом бозӣ кунем, аз имкон истифода бурда, ба хато роҳ надиҳем. Кӯшиш мекунем, ки футболи худро бозӣ кунем. Боварӣ дорам, ки бачаҳо дар майдон барои ба даст овардани натиҷаи мусбӣ мубориза мебаранд.

Назари худро бинависед