Пасфардо дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои футболи бонувон (U-20) оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пасфардо дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои футболи бонувон (U-20) оғоз мешавад

Пасфардо, 11 июн, дар Душанбе қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои футболи бонувони ҷавони то 20 сола шурӯъ мешавад.

Дар қаҳрамонии CAFA-2021 байни дастаҳои футболи бонувони ҷавони то 20 сола (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Дар даври якуми мусобиқа, рӯзи ҷумъаи 11 июн, соати 18:00 дастаҳои Узбекистон бо Афғонистон ва соати 21:00 бошад дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон вомехӯранд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи баргузории ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як қисм доир гардида, ғолибон аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои ба даст овардаашон маълум мешаванд.

 

Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои мунтахаби бонувони ҷавон (U-20)

Даври 1-ум

11 июн (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Афғонистон

21:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

12 июн (шанбе)

18:00 – Узбекистон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 3-юм

14 июн (душанбе)

18:00 – Афғонистон – Эрон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

 

Даври 4-ум

15 июн (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Эрон

 

Даври 5-ум

17 июн (панҷшанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

Назари худро бинависед