Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонон (U-19) оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонон (U-19) оғоз мешавад

Пагоҳ, 5-уми август дар Душанбе сеюмин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола шуруъ мешавад. Ин дафъа панҷ даста – тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

Дар остонаи баргузории чемпионати CAFA-2022 имрӯз, 4-уми август дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ташкили мусобиқа ва муҳимтарин нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, рангҳои либоси дастаҳои ширкаткунанда тасдиқ гардиданд.

Дар ин мусобиқа, ки аз 5 то 12 август дар Душанбе баргузор мешавад, Азизҷон Достиев (Тоҷикистон) ва Михаил Толкачев (Қирғизистон) нақши комиссарҳоро иҷро мекунанд. Бозиҳои чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-соларо ҳайати доварон аз панҷ кишвар ҳакамӣ мекунанд. Кишвари моро довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Куралов намояндагӣ менамоянд.

Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни ҷавонон даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста якборӣ дар як марҳила бо ҳам бозӣ мекунад. Ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан чемпионати CAFA миёни ҷавонон (U-19) ду маротиба баргузор шуда буд. Дар Тошканд соли 2016 мунтахаби Ӯзбекистон барандаи мусобиқот гашта, соли 2019 футболбозони эронӣ дар Душанбе пирӯз шуда буданд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

 

Даври 1

5 август (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

 

Даври 2

6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

8 август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

 

Даври 4

10 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед