«Ориёнбонк» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба футзал гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Ориёнбонк» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба футзал гардид

Дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, ба анҷом расид. 

Дар ин мусобиқа 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтанд. 

Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаҳои «Вавилон» ва «Соро компания-2» бо ҳам вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт – 3:3. Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бахт ба рӯйи футзалбозони «Соро компания-2» хандид – 4:2. 

Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони «Ориёнбонк» ва «Рахш-Такси» ба ҳам омаданд. Дар ин нерӯсанҷӣ кормандони бонк бо хисоби 5:1 ғалаба карданд. 

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини аввали раиси ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов («Ориёнбонк») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ибод Назиров («Ориёнбонк») беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид. Беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи «Рахш-Такси» Орзу Додхудоев эътироф шуд.