«Ҷоми Наврӯз-2022»: пагоҳ дар Намангон бозии Тоҷикистон бо Қирғизистон доир мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҷоми Наврӯз-2022»: пагоҳ дар Намангон бозии Тоҷикистон бо Қирғизистон доир мегардад

Фардо, 29 март, дар Варзишгоҳи марказии Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозиҳои ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» баргузор мешаванд. 

Дар рақобат барои мақоми сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқа тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон вохӯрӣ мекунад. Дидори дастаҳо соати 15:30 оғоз мегардад.

Дар бозии ниҳоӣ «Ҷоми Наврӯз-2022» соати 19:00 яккачинҳои Ӯзбекистон бо Уганда андари майдони рақобат мегарданд.

 

«Ҷоми Наврӯз-2022»

Бозӣ барои ҷои сеюм

29 март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Варзишгоҳи марказии Намангон

Назари худро бинависед