Ҷоми КФО-2022: имрӯз «Хуҷанд» бо «Суғдиён» бозӣ мекунад. «Хуҷанд»-ро якҷоя дастгирӣ мекунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: имрӯз «Хуҷанд» бо «Суғдиён» бозӣ мекунад. «Хуҷанд»-ро якҷоя дастгирӣ мекунем!

Имрӯз, 17 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ӯзбекистон) доир мешавад. Вохӯрӣ соати 15:30 оғоз мегардад.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат, ду қисми иловагӣ иборат аз 15 дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра барандаи бозиро маълум менамояд.

Тамоми мухлисони футболро ба варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» даъват менамоем, то бошгоҳи моро дар ин бозии муҳим дастгирӣ кунанд! Ба тими «Хуҷанд» барору комёбӣ таманно дорем!

 

Ҷоми КФО-2022

Финали минтақаи марказӣ

17 август (чоршанбе)

Оғоз соати 15:30

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)

Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Назари худро бинависед