Нишасти ниҳоии имсолаи Шӯрои мураббиёни ФФТ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти ниҳоии имсолаи Шӯрои мураббиёни ФФТ баргузор шуд

Имрӯз, 30 декабр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти ниҳоии имсолаи шӯрои мураббиён баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии кишвар дар бораи корҳои дар соли 2020 анҷомдода шунида шуд.

Дар нишасти шӯро Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, инчунин сармураббиёни дастаҳои мунтахаби синну соли гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар нишасти шӯро ҳисоботи мураббиёни дастаҳои мунтахаби мухталиф шунида шуд. Бо сабаби набудани сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев, ки вобаста ба вазъи оилавӣ дар ватани худ қарор дорад, ёвари ӯ Алишер Тӯйчиев дар бораи бозии дастаи мунтахаби миллии кишвар ба ҳозирин ҳисобот дод. Соли 2020 дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Узбекистон (1:2), Баҳрайн (0:1) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (2:3) се бозии дӯстона анҷом дод.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии Мубин Эргашев бо тимҳои миллии Гурҷистон (0:0), Узбекистон (0:1, 4:1) ва Эрон (2:1, 1:1), инчунин чаҳор бозии дӯстонаи санҷишӣ дар ҷамъомадҳои омӯзишиву машқии худ дар давлати Туркия гузаронд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар соли сипаришуда дар “Ҷоми рушд-2020” дар Минск ширкат варзид ва дар он ҷо ба финал баромад. Ғайр аз он, дастаи Аҳлиддин Турдиев чор бозии байналмилалӣ бо ҳамсолони худ аз Узбакистон (1:0, 1:2) ва Эрон (1:4, 0:1) гузаронида, инчунин дар як ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дар як қатор бозиҳои санҷишӣ ширкат варзид.

Дастаи мунтахаби наврасони то синни 14 солаи Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи сентябри соли 2022 баргузор мешавад, оғоз намуд.

Сипас иштирокчиёни нишасти Шӯрои мураббиёни ФФТ мубодилаи афкор карданд.

Назари худро бинависед