Нишасти Кумитаи баргузории рақобатҳои ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти Кумитаи баргузории рақобатҳои ФФТ

Дар нишасти Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 13 январ, таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов доир гардид, масъалаҳои баргузории мусобиқаҳои Лигаи кӯдакону наврасон ва Лигаи футболи занонаи кишвар, дар мавсими нав, баррасӣ шуданд.

Имсол Лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқаҳои қаҳрамонии кишварро байни наврасони то 14, 16 ва 18-сола баргузор менамояд. Мусобиқа дар низоми даврӣ дар ду марҳила – интихобӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври ниҳоии лигаи наврасон роҳ ёфта наметавонанд, дар лигаи “Умед” бозӣ мекунанд. Дастаҳои беҳтарини даврҳои интихобӣ бошанд, барои медалҳои тилло дар лигаи “Пешсаф” мубориза мебаранд.

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бошад, дар мавсими нав чаҳорумин қаҳрамонии мамлакатро байни дастаҳои занона баргузор менамояд. Ғайр аз ин, қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 15 ва 17-сола ба нақша гирифта шудааст. Кумитаи баргузории рақобатҳо ба Раёсати футболи занонаи ФФТ тавсия дод, ки Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷомро байни дастаҳои занона дар соли 2021 баргузор намояд.

Қобили қайд аст, ки ҳама қарорҳои Кумитаи баргузории рақобатҳои ФФТ бояд дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Назари худро бинависед