Имрӯз, 29-уми май дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон руйдода баррасӣ шуданд.
– Дар робита ба иштибоҳи довар ҳангоми тартиб додани протоколи бозӣ, ки бо гузориши довари марказӣ ва маводи видеоӣ тасдиқ шудааст, дар бозии «Истиқлол» – «Ҳосилот» (19 май), огоҳии Седрик Гогуа беэътибор дониста шавад. Огоҳӣ ба номи бозигари «Истиқлол» Ҷозеф Окоро аст.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Ҳосилот» (27 май), бозигари тими «Ҳосилот» Шодиҷон Муродов барои таҳқири довари марказӣ аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои нақзи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Хатлон» (18 май), бозигари тими «Хуҷанд» Дилшод Дадобоев барои таҳқири довари марказӣ аз ҳаққи ширкат дар 4 бозӣ маҳрум карда шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Шодмон» – «Истаравшан» (20 май), дастаи «Шодмон» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Душанбе» – «Шодмон» (26 май), дастаи «Душанбе» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Душанбе» – «Шодмон» (26 май), дастаи «Шодмон» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.