Мусовии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки айни замон дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар шаҳри Олмолиқи Ҷумҳурии Узбекистон қарор дорад дирӯз, 18 ноябр, бо тими миллии футзали Қирғизистон бозии дӯстона гузаронд. Бозӣ дар маҷмааи варзишии АГМК баргузор шуда, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Голи дастаи мунтахаби футзали моро бозигари “Сипар”-и Хуҷанд Алишер Сафаров зад.

Имрӯз, 19 ноябр, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии футзали Узбекистон бозии дӯстона мегузаронад. Бозӣ соати 12:00 шурӯъ мешавад.

 

Бозии дӯстона

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1

Голҳо: Юлдошбой Салимбоев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).

18 ноябр. Олмолиқ. Маҷмааи варзишии АГМК.

Назари худро бинависед