Мунтахаби занони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 8 то 20 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар нахустин чемпионати CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона панҷ тим – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат мекунанд. Барои тими миллии Туркманистон ин нахустин иштирок дар мусобиқаи таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пас аз пандемия хоҳад буд.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии занона

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон.

 

Даври 1

8 июл (ҷумъа)

19:00 – Қирғизистон – Эрон

22:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2

11 июл (душанбе)

19:00 – Туркманистон – Қирғизистон

22:00 ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

 

Даври 3

14 июл (панҷшанбе)

19:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон

22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4

17 июл (якшанбе)

19:00 – Эрон – Туркманистон

22:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

 

Даври 5

20 июл (чоршанбе)

19:00 – Ӯзбекистон – Эрон

22:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Назари худро бинависед