Мунтахаби занонаи Ӯзбекистон ғолиби чемпионати CAFA-2022 шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи Ӯзбекистон ғолиби чемпионати CAFA-2022 шуд

Бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар Душанбе аввалин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ тими занонаи Ӯзбекистон бар тими Эрон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мафтуна Шоимова гардид, ки дар дақиқаи 86-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон бар тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби (1:0) ғалаба кард.

Ба ин тартиб, тими мунтахаби занонаи Ӯзбекистон дар чаҳор бозии худ чаҳор пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби 12 имтиёз гардид ва аввалин ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шуд.

Медалҳои нуқра насиби бозигарони Эрон шуд (9 имтиёз). Медалҳои биринҷиро мунтахаби Қирғизистон (4 имтиёз) ба гардан овехт.

Дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ширкат доштанд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» насиби мунтахаби Эрон ва ҷоизаи махсус аз они тими Туркманистон гардид. Сарвони дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Нилуфар Қудратова ҷоизаи гаронарзиштарин бозигари мусобиқотро ба даст оварда, бо панҷ голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии занона

Даври 5

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 0:1

Гол: Аяна Каратаева, 21.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Аяна Каратаева (Қирғизистон).

20 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

 

Ӯзбекистон – Эрон – 1:0

Гол: Мафтуна Шоимова, 86.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Нилуфар Қудратова (Ӯзбекистон).

20 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Назари худро бинависед