Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Қирғизистонро дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Қирғизистонро дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» шикаст дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, пирӯзии дуюмашро ба даст овард.

Дар даври сеюм футзалбозони Тоҷикистон, ки дар рафти бозӣ бо ҳисоби 0:1 ва 1:2 шикаст мехӯрданд, тавонистанд ташаббусро ба даст гирифта, дар ниҳоят бо ҳисоби 5:3 пирӯз шаванд. Аз ҳайати тими миллии мо Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммадҷон Шарифов, Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев ва Файзалӣ Сардоров гол заданд.

Дар бозиҳои дигари даври сеюм мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, тими Эрон ба дастаи Афғонистон бо ҳисоби 5:1 зафар ёфт.

 

Пас аз анҷоми се даври мусобиқоти «CAFA Futsal Cup-2023» якбора чаҳор даста – Эрон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон шаш имтиёзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи 28 июл баргузор мешаванд. Дар ин рӯз рақобатҳои Эрон – Ӯзбекистон, Қирғизистон – Туркманистон ва Афғонистон – Тоҷикистон доир мешаванд.

 

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:3

Голҳо: Алмазбек Самат уулу, 5 (0:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 9 (1:1). Бектур Илёсов, 10 (1:2). Муҳаммадҷон Шарифов, 12 (2:2). Муҳаммад Аскарбеков, 17 (2:3). Дилшод Саломов, 18 (3:3). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Файзалӣ Сардоров, 39 (5:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон).

26 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2500 тамошобин.

 

Туркманистон – Ӯзбекистон – 1:3

Голҳо: Ихтиёр Ропиев, 3 (0:1). Акбар Усмонов, 13 (0:2). Илҳомҷон Ҳамроев, 35 (0:3). Ширӣ Байрамдурдиев, 37 (1:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Сунатулло Ҷӯраев (Ӯзбекистон).

26 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 100 тамошобин.

 

Афғонистон – Эрон – 1:5

Голҳо: Беҳрӯз Азимиҳиматободӣ, 3 (0:1). Билол Исмоили Куронеҳ, 8 (0:2). Соран Балканеҳ, 11 (0:3). Баҳман Горгеҷ, 18 (1:3). Алӣ Халилванд Сомеҳсофла, 30 (1:4). Масъуд Юсуф Шавардазӣ, 36 (1:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Беҳрӯз Азимиҳиматободӣ (Эрон).

26 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед