Мунтахаби Тоҷикистон пирӯзии якуми худро дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон пирӯзии якуми худро дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» ба даст овард

24 июл дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои футзал, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бозиҳои даври дуюм баргузор шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бар тими Туркманистон (4:2) пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов ва Дилшод Саломов ба тими мо се имтиёз оварданд.

Дар бозии дигари даври дуюм фузалбозони афғон ба таври ғайричашмдошт бар тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Ҳамчунин тими Эрон бар дастаи Қирғизистон (1:0) зафар ёфта, ғалабаи аввалини хешро ба даст овард.

Пас аз анҷоми ду даври мусобиқоти «CAFA Futsal Cup-2023» мунтахаби Афғонистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Якбора чаҳор даста – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон се имтиёзӣ доранд.

Рақобатҳои даври навбатӣ 26 июл баргузор мешаванд. Дар ин рӯз соати 14:00 дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Ӯзбекистон, соати 17:00 дастаҳои Афғонистону Эрон рақобат мекунанд. Тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон бошанд, соати 20:00 вомехӯранд.

 

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон – 4:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 (1:0). Ширӣ Байрамдурдиев, 6 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 6 (2:1). Муҳаммадҷон Шарифов, 11 (3:1). Дилшод Саломов, 14 (4:1). Некрӯз Идиев, 36 – ба дарвозаи худ (4:2).

Пеналтии иҷронакарда: Комрон Алиев (Тоҷикистон), 13.

Аз майдон берун карда шуд: Алишер Худойбергенов (Туркманистон), 13.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон).

24 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 1120 тамошобин.

 

Эрон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Маҳдӣ Рустамӣ, 38.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Маҳдӣ Рустамӣ (Эрон).

24 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 100 тамошобин.

 

Ӯзбекистон – Афғонистон – 3:4

Голҳо: Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ, 2 (0:1). Ҳусниддин Нишонов, 20 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 20 (2:1). Ҳусниддин Нишонов, 28 (3:1). Сайид Ҳусейн Мӯсавӣ, 34 (3:2). Муҳаммад Алӣ Фаёзӣ, 37 (3:3). Ризо Ҳусейн Пур, 40 (3:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Ризо Ҳусейн Пур (Афғонистон).

24 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 150 тамошобин.

Назари худро бинависед