Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳои худро барои бозии дӯстонаи дуюм муқобили тими миллии Ҳиндустон идома медиҳад. Ин навбат вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор хоҳад шуд.
Шоми имрӯз мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии Игор Ангеловский тамрини яксоата гузаронд. Дар ҷараёни машқ футболбозон рӯи ҳамкориҳои тактикӣ ва вазъиятҳои гуногуни бозигузорӣ кор карданд. Ҳамаи 26 бозигаре, ки дар ихтиёри мунтахаб қарор дорад, ба рақобати дуюм омодагӣ мебинад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии рафиқонаи дуюми тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:00 оғоз мегардад.