Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор кард

23 июл дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал оғоз шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» аз барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё-2022 – дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Аз ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов гол заданд.

Дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври дуюм рӯзи 24 июл баргузор мешаванд. Соати 14:00 тимҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон оғоз мешавад. Соати 20:00 дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон ба ҳам меоянд. 

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои рақобатҳои футзали Осиёи Марказӣ даъват менамоем!

 

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 1

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:2

Голҳо: Дилшод Раҳматов, 16 (1:0). Ҳусниддин Нишонов, 18 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 19 – аз пеналти (2:1). Акбар Усмонов, 24 (3:1). Дилшод Саломов, 25 (3:2). Илҳомҷон Ҳамроев, 33 (4:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Акбар Усмонов (Ӯзбекистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 800 тамошобин.

 

Қирғизистон – Афғонистон – 4:5

Голҳо: Дониёр Талайбеков, 5 (1:0). Шоҳрух Маҳмадаминов, 6 (2:0). Ризо Ҳусейн Факир, 10 (2:1). Муҳаммад Алии Фаёзӣ, 13 (2:2). Ҳомид Ризо Ҳусайнӣ, 15 (2:3). Меҳрон Ғуломӣ, 18 (2:4). Муҳаммад Аскарбеков, 25 (3:4). Дониёр Талайбеков, 34 (4:4). Меҳрон Ғуломӣ, 38 (4:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Меҳрон Ғуломӣ (Афғонистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 105 тамошобин.

 

Эрон – Туркманистон – 1:2

Голҳо: Гиличмурод Гиличмуродов, 32 (0:1). Алӣ Акрамӣ, 33 (1:1). Мақсад Султонов, 38 (1:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Пиргулӣ Гиличмуродов (Туркманистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 300 тамошобин.

Назари худро бинависед