Мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо бозӣ муқобили дастаи Урдун оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо бозӣ муқобили дастаи Урдун оғоз мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 нахуст бо тими Урдун рақобат мекунад. Ин дидор 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад кард.

Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ – ду вохӯрӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ ва чаҳор бозии дигар моҳҳои март ва июни соли оянда анҷом медиҳад.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

📅 16 ноябри соли 2023

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун

 

Даври 2

📅 21 ноябри соли 2023

🇰🇭 Камбоҷа/ 🇵🇰 Покистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

📅 21 марти соли 2024

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4

📅 26 марти соли 2024

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇸🇦 Арабистони Саудӣ

 

Даври 5

📅 6 июни соли 2024

🇯🇴 Урдун – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Даври 6

📅 11 июни соли 2024

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇭 Камбоҷа/🇵🇰Покистон

Назари худро бинависед