Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2024» бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2024» бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024», ки дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад. Дар рақобати дигари даври ниманиҳоӣ яккачинҳои Тайланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзи 11 октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешаванд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Вохӯриҳои ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2024» 14 октябр сурат мегиранд.

Назари худро бинависед