Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи якум тими миллии Ҳиндустонро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи якум тими миллии Ҳиндустонро шикаст дод

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нав Игор Ангеловский дар бозии дӯстонаи якум бар тими миллии Ҳиндустон пирӯз шуд.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шериддин Бобоев, Меҳрубон Каримов ва Эҳсони Панҷшанбе ба самар расониданд.

Бозии навбатии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Назари худро бинависед