Мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо дастаи Лубнон тамринҳои охирини худро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо дастаи Лубнон тамринҳои охирини худро анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз дар доираи омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо яккачини Лубнон тамринҳои расмиашро анҷом дод.

Машқҳои пеш аз бозии дастаи мо дар маркази тамринии «Аl Ersaal 1» сурат гирифт. Чун анъана 15 дақиқаи аввали он барои намояндагони ВАО кушода буд. Дар гурӯҳи умумии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар машқ кард. Ҳимоятгар Холмурод Назаров бинобар ҷароҳат бардоштанаш пагоҳ дар рақобат бо дастаи Лубнон иштирок намекунад. Ҳамчунин, нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов, ки дар бозӣ бо тими Қатар корти сурх гирифт, наметавонад ҳунарнамоӣ намояд. Бо қарори Кумитаи интизомии КФО Камолов аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум карда шуд.

Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон 22 январ дар варзишгоҳи Ҷоссим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Назари худро бинависед