Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад

Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки баргузориаш аз 11 то 21 май дар назар аст, иштирок хоҳад кард.

 

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

3 май (сешанбе)

19:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Косово – Гондурас

 

Даври 2

5 май (панҷшанбе)

19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

 

Даври 3

8 май (якшанбе)

14:00 ТОҶИКИСТОН – Косово

20:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас

 

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед