Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ба чемпионати CAFA-2023 омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ба чемпионати CAFA-2023 омодагӣ мегирад

Дастаи футзали занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.

Дар ҷамъомади таълимию тамринӣ тими футзали занонаи кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» дар як рӯз ду маротиба машқ дорад. Айни замон дар ҳайати мунтахаб 17 бозигар қарор дорад, ки 14 нафари он ба дархости ниҳоӣ роҳ меёбад.

Дар чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал, ки аз 25 то 31 январ дар Тошканд баргузор мешавад, тими занонаи Тоҷикистон бо мунтахабҳои Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон рақобат мекунад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе: 

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо»);

Бозигарон: Некубахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Марҷона Саидова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода, Меҳрангез Шарипова (ҳама аз «Хатлон»), Комила Расулова (МВЗО №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ). 

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Назари худро бинависед